12 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид

Сентябрь 7, 2011 17:21

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Тайи ду рӯзи охир бар асари садамаи нақлиётӣ 12 нафар ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.Тибқи иттилои маркази матбуоти раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ҳамагӣ дар қаламрави Тоҷикистон 11 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст.Ду ҳодисаи калон шаби 5 сентябр дар ҷанубу шимоли кишвар ба амал омад. Дар натиҷаи садамае, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, 7 нафар ба ҳалокат расид, ки се нафараш ноболиғ буданд.Садамаи дигари нақлиётӣ дар 225 км роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати Пошкенти ноҳияи Истаравшан ба амал омад. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», истиқоматкунандаи 44-солаи ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент Қамариддин Хоҷамбердиев ҳангоми ҳаракат аз ӯҳдаи идораи он набаромада, ба ЗИЛ-130 бархӯрд. Дар натиҷаи ҳодисаи нохуш 4 нафар мусофири автомашинаи мазкур ҷароҳати вазнин бардошта дар ҷойи ҳодиса ба шаҳодат расиданд.Тибқи суханони манбаъ аз оғози сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 900 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

Сентябрь 7, 2011 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!