Ҳайати СААД бо СММ ҳамкорӣ мекунад
Ню — Йорк, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Ҳайати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо роҳбарии Дабири кулли СААД Николай Бордюжа, ки барои иштирок дар кори иҷлосияи 66 – уми Ассамблеяи генералии СММ ва гузаронидани машварат бо роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид дар Ню – Йорк мебошад, аз рӯи масоили ҳамкории байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷиҳати рафъи оқибати фалокатҳои табиию техногенӣ ва фаъолияти башардӯстона як қатор мулоқот анҷом дод. Дар раёсати ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили башардӯстона Кэтрин Брегг сӯҳбат баргузор гардида, дар ҷараёни он роҳҳои ҷалби СААД ба кор ҷиҳати рафъи оқибати фалокатҳои табиию техногенӣ, тартиби иштироки сохторҳои дигари байналмилалию минтақавӣ дар ин фаъолияти СММ, мақоми намояндагии Раёсат дар Женева бобати барқарор намудани равобит ва ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона аз нигоҳи ҳарбию гражданӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқот ба фаъолияти Бунёди марказии эътино ба вазъияти фавқулодда таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






