Ҳамкорӣ дар бахши моликияти зеҳнӣ

Сентябрь 13, 2011 10:42

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндаи Маркази инноватсионии «Технополис» — и Австрия Алфред Радауэр мулоқот анҷом дод.А.Радауэр иброз дошт, ки мақсади сафараш ба ҷумҳурӣ иборат аз муайян намудани таъсири дар Тоҷикистон татбиқ намудани Лоиҳаи «Хизматрасонӣ бобати ҳифзи моликияти зеҳнӣ» барои ҳалли проблемаҳои лоиҳаи зикршуда дар корхонаҳои тиҷорати хурд мебошад. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид пешниҳод намуд, ки бо намояндагони тиҷорати хурду миёна мулоқот ташкил карда шавад. Ҷонибҳо аҳд намуданд, ки ҳамкориро минбаъд ҳам рушду густариш дода, тренингу семинарҳо ташкил намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сентябрь 13, 2011 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд