Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи кишоварзӣ
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҳайати тоҷирон таҳти роҳбарии раиси Шӯрои директорони ширкати «Ҳанан Ҷингуан Силверсед» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чао ба Тоҷикистон омад. 19 сентябр ҳайати мазкур бо вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев иттилоъ дод.Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҷараёни сӯҳбат зикр намуд, ки солҳои охир як қатор созишномаҳои байнидавлатию байниидоравии кишварҳоямон имзо шудаанд. Дар ҷараёни сафари ҷавобии кории вазири кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чанфу дар охири моҳи августи соли равон байни вазоратҳои кишоварзии ҶТ ва ҶМЧ Ёддошт дар бораи ҳамкории ду вазорат имзо гардид, ки дар он самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар бахши кишоварзии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла, ҳамкорӣ дар бахши тухмипарварӣ ва васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо инъикос ёфтаанд. Ҳайати вакилони Чин ният дорад, ки тайи як ҳафта имконияти аксарияти ноҳияҳои ҷумҳуриро дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омӯхта, ҳам барои Вазорати кишоварзии ҶТ ва ҳам барои Вазорати кишоварзии ҶМЧ пешниҳодҳо ироа намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






