Ҳизби зодаи Истиқлолият

Сентябрь 5, 2011 15:50

Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҳизби зодаи Истиқлолият»- таҳти чунин унвон 5 сентябр дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс, ки бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ созмон дода шуд, олимону донишмандон ва аъзои ҲХДТ аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳузур доштанд.  Сафар Сафаров, муовини аввали Раиси ҲХДТ зимни суханронии худ доир ба роҳҳои ба Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳи тайнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 20 соли Истиқлолияти давлатӣ, комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисоду сиёсат ва илму фарҳанг ибрози назар намуд. Мавсуф гуфт, ки тӯли 20 соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардида, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ваҳдату худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Сафар Сафаров, ҳамзамон доир ба таърихи ташкили ҲХДТ, нақш ва ҳадафҳои бунёдкоронаи ҲХДТ таҳти сарварии Роҳбари он Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ибрози назар карда, ҲХДТ-ро зодаи Истиқлолият номид. Назар ба андешаи С.Сафаров нақши ҲХДТ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, якпорчагии марзу бум, гуногунандешӣ, асолати ватандорӣ, баровардани ормонҳои миллӣ, арзишҳои умумумиллӣ ва умумибашарӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ҷилавгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа калон аст. Ҳамзамон, дар конфронс олимону донишмандони шинохта Абдувоҳид Шамолов, Қурбон Восиев, шоира Меҳринисо Бобобекова ва раиси иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар мавзӯъҳои ҲХДТ ва ваҳдати миллӣ», «Тафаккури миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ», «Рӯ ба мардум» ва «Ҷавонони даврони Истиқлолият -нерӯи созандаи Ватан» маърӯза намуда, Истиқлолияти давлатиро неъмати бузург дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ арзёбӣ намуданд. 13.36.

Сентябрь 5, 2011 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад