Ҳуқуқу кафолатҳои иттифоқҳои касаба

Сентябрь 12, 2011 09:45

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Қабули қонуни нав «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо» амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ, рафти иҷрои шартномаҳои коллективӣ, риояи қонунгузории ҶТ дар бораи меҳнат, соҳаи таъмини иҷтимоӣ ва ҳамчунин суғуртаи иҷтимоии давлатиро ба танзим медарорад,- иброз дошт раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов ба мухбири АМИТ «Ховар». Қонуни нав «Дар бораи иттифоқҳои касаба» аз 6 боб ва 39 модда иборат аст.Ба иттилои М.Солеҳов, дар қонуни амалкунанда баъзе мафҳумҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шаҳрвандон ва муттаҳид шудан дар иттифоқҳои касаба, мустақилияти иттифоқҳои касаба, ҳамкориҳои иттифоқҳои касаба бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, робитаҳои баналмилалии иттифоқҳои касаба, оиннома ва рамзи иттифоқҳои касаба, тартиби бақайдгирии иттифоқҳои касаба шарҳу эзоҳ ёфтааст, ки он дар қонуни қаблӣ дида намешуд. Моддаҳои 8, 13, 25 ва 27 –и қонун «Дар бораи иттифоқҳои касаба» дар таҳрири нав илова шуданд, ки Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти худро дар асосиҳамаи ин тағйиру иловаҳо ба роҳ мондааст.

Сентябрь 12, 2011 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд