Ҳунармандон маҳсули дастонашонро ба Хуросон мебаранд
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Се нафар ҳунармандони тоҷик дар нахустин намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои дастии Эрон, ки аз 11 то 17 сентябр дар шаҳри Буҷнури вилояти Хуросони Шимолии Эрон баргузор мегардад, иштирок менамоянд.Назар ба иттилои Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ, Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО, дар намоишгоҳ инчунин ҳунармандон аз кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Озарбойҷон ва Қазоқистон иштирок намуда, ҳунарҳои дастии худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд. Ҳадафи баргузории намоишгоҳ ташаккули ҳунарҳои дастӣ ва эҳёи онҳо буда, намоишгоҳ бо намоиши қолин, ки аз ҷониби ҳунармандони эронӣ дар ҳаҷми 2 метр бофта шудааст, ифтитоҳ меёбад.Интизор меравад, ки ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии Эрон либосҳои миллии тоҷикӣ ва навъҳои гуногуни ҷавоҳироти сохтаи худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






