Ҷаласаи навбатии маҳфили «Ҳамкории иҷтимоӣ»
Хоруғ, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи навбати маҳфили «Стратегияи инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон рӯи кор оварда шуд. Дар маҳфил мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди робита бо ҷомеа Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров ва ёвари калони мушовири сиёсии дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Абуалӣ Тоҳиров иштирок намуданд. Дар маҳфил сухан асосан аз боби рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, роҳҳои ҷалби сармоягузорон, хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ, аз бумбасти коммуникатсиониву иттилоотӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар самтҳои тараққиёти ҷумҳурӣ сухан рафт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






