Ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 1- 2 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.Тибқи барнома дар ҷаласаи мазкур намояндагони ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Русия, Украина ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок менамоянд.Ҳамчунин дар назар аст, ки роҳбарони ҳайатҳо бо Раиси Кумитаи ҷавоно, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисстон Маликшо Неъматов мулоқот менамоянд. Оид ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои мустақил бо доираи васеи хабарнигорон ВАО нишасти матбуотӣ дар назар дошта шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






