Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 3, 2011 12:41

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шуруъ намуд.Барои иштирок дар ин ҷаласа аз дирўз ташрифи сарони давлатҳои аъзо ва дигар меҳмонони олимақом оғоз ёфт.Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Молдова Мариан Лупу, Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Украина Виктор Янукович, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қиризистон Роза Отунбоева ва намояндагони воломақоми Беларус, Озарбойҷон ва Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи Кохи Сомони қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро як – як истиқбол гирифта, ба толори аксбардории умумӣ даъват намуд.Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар нишасти хосаи сарони давлатҳо ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва меҳмонони ҳамоиш ҷараён гирифт.Дар ҷаласа беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърўзаи таҳлилӣ — «Натиҷаҳои фаъолияти 20 – солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо», Созишнома дар бораи абадӣ гардондани хотираи мардонагӣ ва қаҳрамонии мардумони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Барномаи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ѓайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014, Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти нерўҳои навбатдори мудофиаи зиддиҳавоӣ дар ҳолати ғасби нақлиёти ҳавоӣ, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ доир ба татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра баррасӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташкили минтақаи озоди савдо ва Фонди эҳтиётӣ барои расондани кўмак ба давлатҳои аъзои иттиҳод дар ҳолати осеб дидан аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва ҳамчунин таҳия, қабул ва татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ, Стратегияи амнияти озуқаворӣ, Самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан барои давраи то соли 2020 ва дигар масоили муҳим ҷалб намуда, барои рушди ҳамкории пурсамар дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳодҳои судбахш ба миён гузошт. Ба ин ва дигар масоили муҳим, ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев доир гардид, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 3, 2011 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад