Ҷалби ҷавонон ба таълим меафзояд

Сентябрь 21, 2011 09:00

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар даврони Истиқлолият дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ карда шуд Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодӣ Ҳукумати кишвар ҳаҷми маблағгузориро ба соҳаи маориф мунтазам зиёд менамояд. Масалан, агар ҳаҷми умумии маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф дар соли 2000-ум ба 41 миллион сомонӣ баробар бошад, пас дар соли 2011 ин рақам якуним миллиард сомониро ташкил медиҳад.Ҳамчунин дар ин давра дар мамлакат беш аз 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои зиёда аз 310 ҳазор ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Теъдоди донишҷўёни мактабҳои олии кишвар агар то замони истиқлолият 69 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, имрўз ин рақам ба 160 ҳазор нафар баробар шудааст, ки ин далели равшани сол ба сол бештар ба таълим ҷалб гардидани ҷавонон мебошад.

Сентябрь 21, 2011 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад