Ҷамъомад ба шарафи 20-солагии Истиқлолият

Сентябрь 3, 2011 10:16

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
 
Тавре ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад иштирокчиён перомуни дастовардҳо, рушди соҳаҳои энергетика ва саноат дар давоми 20-соли истиқлолият сухан гуфта, саҳми кормандони вазорат, корхонаву муассисаҳои онро дар ин дастовардҳо махсус зикр намуданд. Дар хотимаи ҷамъомад кормандону мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои вазорат барои меҳнати софдилонаву хизматҳои шоён бо ифтихорномаи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд.

Сентябрь 3, 2011 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд