Ҷамъоварии пахта ба 200 ҳазор тонна наздик шуд

Сентябрь 20, 2011 11:43

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, аз 19 –уми сентябри  соли 2011   суръати  пахтачинӣ  боз ҳам тезонида шуд. Чинакчиён дар як рӯз беш аз 11 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ меоранд.Тибқи маълумот имрӯзҳо пахтакорони вилояти Хатлон дар ҷамъоварии ҳосил пешсаф буда,  то 19 – уми сентябр  аз майдони 126 ҳазору 739 гектар 127 ҳазору 137 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.Пахтакорони вилояти Суғд   дар ҷамъоварии пахта дар ҷои дуюм қарор доранд. Дар ин вилоят то 19 – уми сентябр аз масоҳати 62 ҳазору 476 гектар 23 ҳазору 649 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010 16 ҳазору 400 тонна зиёд аст.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии пахта хуб ба роҳ монда шудааст. Пахтакорони ин минтақаи ҷумҳурӣ аз 24 ҳазору 403 тонна пахтаи нақшавӣ 11 ҳазору 109 тонаашро ҷамъоварӣ намуданд. Бино ба маълумоти  манбаъ, имрӯзҳо дар майдони пахтазори ҷумҳурӣ беш аз 221 ҳазор нафар ҷинакчиён ба кори ҷамъоварии пахта  сафарбар шудаанд. Муҳимаш он аст, ки ҷамъоварии пахта бе иштироки донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои  таълимоти миёнаи умумӣ сурат мегирад.

Сентябрь 20, 2011 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд