17 адад нерӯгоҳи барқи обии хурд месозем
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ, махсусан аҳолии ноҳияҳои дурдаст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 – 2020” аз 2 феврали соли 2009-ро қабул карда, тибқи он сохтмони 189 адад нерӯгоҳҳои барқи обии хурд бо маблағи умумии 123 млн. 134 ҳазор доллари амрикоӣ ва тавоноии 101,2 ҳазор кВт пешбинӣ шудааст. То 1 сентябри соли 2011 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони ватанӣ 20 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бо иқтидори умумии 2,5 ҳазор кВт сохта ба истифода дода шуд, ки дар маҷмӯъ 1 ҳазору 841 хоҷагӣ ва 12 адад биноҳои маъмуриро бо қувваи барқ таъмин менамоянд. Сохтмони 17 адад нерӯгоҳи барқи обии хурд, ки иқтидори умумиашон 7,9 ҳазор кВт мебошад, идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






