20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Қоҳира
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 8 сентябри соли 2011 дар шаҳри Қоҳира аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб қабули расмӣ ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.Дар қабул роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Мисри Араб, дипломатони муқими Миср, роҳбарони ширкатҳои мисрии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, толибилмону донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Қоҳира ва намояндагони диаспораи тоҷик ҳузур доштанд.Сафири Тоҷикистон дар Миср Нарзулло Назаров дар маҳфил ба таври мухтасар доир ба Тоҷикистон ва дастовардҳои он сухан гуфт. Дар баробари қабули расмӣ, ҳамзамон дар толор намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил шуда, филми мустанад ва суруду навоҳои мардумии тоҷикӣ намоиш дода шуд. Қабули расмӣ мавриди таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори оммаи Миср қарор гирифт. Телевизиони Қоҳира маҳфилро ба навор гирифта, бо сафири Тоҷикистон Н.Назаров, собиқ сафири ғайримуқими Миср дар Тоҷикистон, раиси вилояти ал-Уқсур (Луксор) Иззат Саъад ва рӯзноманигори мисрӣ Муҳаммад Салома мусоҳибаҳо анҷом дод. Собиқ сафири Миср дар Тоҷикистон Иззат Саъад дар мусоҳибаи худ фазои сармоягузорӣ ва ҳамкориро дар Тоҷикистон мавриди ситоиш қарор дода, махсусан қайд кард: «Дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон маҳз ба туфайли талошҳои пайгиронаи абармарди бузурги миллат ва хирадмандии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд».








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






