20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Австрия
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 2 сентябри соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти кишвар чорабинии расмӣ барпо кард, ки дар он меҳмонону намояндагони ҳукумати Австрия, корпуси дипломатии шаҳри Вена, роҳбарияти САҲА ва СММ, инчунин намояндагони аҳли илму фарҳанг ва ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат варзиданд. Чорабинии идона дар яке аз кохҳои номдори Академияи Дипломатии шаҳри Вена дар фазои тантанавӣ ва бошукӯҳ баргузор гардид. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Нуриддин Шамсов зимни суханронӣ ҳозиринро бо таърихи Истиқлолияти кишвар ва муваффақиятҳои он таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон шинос намуда гуфт, ки имрӯз таҳкими истиқлолият ва пояҳои давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди устувори иқтисодӣ, таъмини сулҳу субот ва фазои созанда дар кишвар дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтааст. “Ба роҳ андохтани сиёсати мутавозини дохилӣ ва хориҷӣ бо мақсади ҳимояи минбаъдаи манфиатҳои миллӣ, гуногунсозии инкишофи иқтисодӣ, идораи оқилонаи захираҳои табиӣ, мусоидат ба рушди минбаъдаи арзишҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон пойдевори стратегияи рушди миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.” – иброз дошт сафири Тоҷикистон.Дар ҷараёни суханронӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон азм дорад ҳадафҳои миллиашро бо назардошти муносиботи дӯстона бо ҳамсоягони худ ва дигар кишварҳо чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб амалӣ намояд.Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони ҳукумати Австрия, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва ҳамватанон роҷеъ ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлолият табодули назар ва изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ҳошияи чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи китоб ва наворҳо доир ба таърихи бистсолаи Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон ва муваффақиятҳои он дидан карданд. Ба шркаткунандагони чорабинӣ китобу тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






