Афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ

Сентябрь 12, 2011 15:37

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Давоми бист соли истиқлолият дар манотиқи гуногуни мамлакат зиёда аз 800 муассисаи тандурустӣ сохта ва ё таъмиру барқарор гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуд. Дар ин давра Ҳукумат бо мақсади беҳдошти шароити зиндагӣ ва кору фаъолияти самараноки табибон маблағгузории соҳаи тандурустиро аз 956 ҳазор сомонӣ ба 600 миллион сомонӣ расонид, ки ин нисбат ба соли 1992-юм беш аз 620 баробар зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, тўли солҳои истиқлолият барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ кардани низоми муосири идоракунии соҳаи тандурустӣ, беҳбуди захираҳои кадрӣ ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ корҳои зиёд ба анҷом расид. Ҳукумати кишвар ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷўҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд ва барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сентябрь 12, 2011 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд