Афзоиши теъдоди майдончаҳои варзишӣ дар Айнӣ
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар вилояти Суғд баҳри бунёди варзишгоҳу толорҳои варзишии мактабӣ корҳои муайян ба иҷро расидаанд.То кунун бунёди зиёда аз 151 майдонча ва толори варзишӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аксари онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.Дар ноҳияи Айнӣ, ки ноҳияи дурдасти минтақаи кӯҳистони ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, имрӯз барои равнақи варзиш тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.Майдончаҳои варзишии намудҳои футболи хурд ва волейбол дар деҳаҳои Урметан, Вешаб, Вешканд, Сангистон, Марғеб ва Анзоб мавриди истифода қарор гирифтаанд.Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар канори рустои Нарвад ва мактаби таҳсилоти рақами 2-и деҳаи Урметан майдончаи варзишӣ сохта ва бо лавозимоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Барои бунёди майдони нави варзишии ҷамоати деҳоти Урметан 1 гектар замин ҷудо гардидАйни ҳол дар ноҳия 14 толори варзишӣ ва 66 майдончаи варзишӣ барои дар як рӯз қабул намудани 6 832 нафар омодаанд, гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фаридун Ҳодибоев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






