Агентии омор болоравии нархро нигаронкунанда хондааст
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ дар моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ аз молҳои мушоҳидашудаи озуқаворӣ нархи карам 26,3 фоиз, бодиринг – 24, 4, тухм – 25, шакар -3,6, гӯшти гов ва бехпиёз 2,8, конфети шоколадӣ — 2,3, картошка -10,2, маҳсулоти нимтайёри гӯштӣ ва равғани чорво 0,6 фоиз боло рафтааст.Зимнан дар моҳи гузашта нархи баъзе намуди хӯрокворӣ, аз ҷумла помидор -7,1 ва сабзӣ 1,1 фоиз арзон буд.Аз аввали соли 2011 аз ҳама бештар нархи молҳои озуқавории зерин қимат шудааст: карам 50 фоиз, сабзӣ — 34, равғани пахта -30, 3, гӯшти гов – 25,3, гӯшти гӯсфанд – 24,7, шакар – 22,1, тухм, -20, шир -16,9, картошка -15,2, орди навъи якуми гандум – 13,2, ярмаи ҷав – 11,4, қаймоқ -2 ва намак 0,9 фоиз қимат шудааст. Ин дар суратест, ки ҳамаи молҳои номбаршуда истеҳсоли ватанӣ буда, аз ҳама гуна андозбандии иловагӣ озоданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






