«Амалиёти сейфӣ» — и ҶСК Агроинвестбонк
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуотии ҶСК «Агроинвестбонк», бо мақсади ҳифзи маснуоти тилловорӣ ва ҷавоҳироти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ «Амалиёти сейфӣ» роҳандозӣ шудааст. «Амалиёти сейфӣ» барои истифодаи муваққатӣ аз 10 рӯз то як моҳ барои шахсони ҳуқуқию воқеӣ пешниҳод карда мешавад. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо бо пардохти маблағи муайяшуда барои яке аз се намуди сейфҳои махсуси зиреҳпӯш, онро дар мӯҳлати ба иҷора гирифтааш истифода карда метавонад.Ба гуфти мутахассисони бонки мазкур, маълумот дар бораи иҷорагирии қуттиҳои сейфӣ комилан махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Муҳим он аст, ки дастрасӣ ба қуттиҳои сейфӣ дар ҳама маврид барои иҷорагирандагон, ҳамарӯза, ҳангоми фаъолияти бонк иҷозат аст.Боиси тазаккур аст, ки агар шаҳрванд Гулсара Пӯлодова (сокини шаҳри Хуҷанд) аз ин амалиёт истифода мекард, ғоратгарон 19 – уми сентябри соли ҷорӣ ҷавоҳироташро аз манзили зисташ ба маблағи 169 ҳазор сомонӣ ба ғорат намебурданд (аз маълумоти маркази матбуоти ВКД). Аз ин рӯ, мо «Амалиёти сейф» -ро барои онҳое зарур мешуморем, ки маблағу ҷавоҳироти зиёдатиашонро на дар сейфҳои кафолатнок , балки дар сандуқу болишт ва ҷевону таҳхонаҳо нигоҳ медоранд, ки он тӯъмаи муфтест барои ғоратгарон,- иброз дошт коршиноси соҳаи бонкӣ Давлатшо Амирбеков ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






