«Амонатбонк» дар Панҷ равзана кушод

Сентябрь 7, 2011 17:15

Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон /БДА ҶТ/ «Амонатбонк» бинои нави маъмурии филиали худро дар шаҳраки Панҷи вилояти Хатлон ба истифода супорид.Бинои маъмурӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои толори амалиёт, утоқҳои корӣ, таҷҳизот, лавозимоти замонавӣ ва дигар шароити муосири бонкдорӣ мебошад. Бино дар зарфи 7 моҳ ба маблағи 1 млн. 105 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар филиали дар Панҷ будаи «Амонатбонк» 28 нафар мутахассисони бахши бонкдорӣ фаъолият намуда, ба муштариён, хусусан ба 7 800 нафар нафақахӯрон хизмат мерасонанд. Ҳамзамон, филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешниҳоди қарзҳо барои соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, занбӯрпарварӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, ҷойгир намудани пасандозҳо ва маблағҳои озоди аҳолӣ дар суратҳисоби амонатӣ, интиқоли маблағҳо ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ фаъолияти густурда дорад. Аз Хадамоти матбуот ва рекламаи «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Бонк дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҷиҳати пиёда сохтани сиёсати иҷтимоии давлат дар масъалаи қабули пардохтҳои коммуналӣ, пардохти нафақаи аҳолӣ, ҷубронпулиҳо, пардохтҳои давлатӣ ва хизматрасонии буҷаи давлатӣ нақши муассир мегузорад.

Сентябрь 7, 2011 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд