Артиши миллӣ муҳофизи Истиқлолият аст
Хоруғ, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Чорабиниҳо бахшида ба 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи идороту муассисот баргузор мегарданд. Чунин чорабинӣ дар Комиссариати ҳарбии вилоят низ рӯи кор омад. Комиссариати ҳарбии вилоят Зафар Давлатов ҳамаи иштирокдоронро ба ифтихори ин ҷашни миллӣ аз номи вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев самимона табрик гуфта, қайд намуд, ки Артиши ҷумҳурӣ имрӯз хеле пуриқтидор аст ва қудрат дорад, ки комёбиҳои истиқлолиятро пурра ҳифз намояд. Дар фарҷоми чорабинӣ беҳтарин кормандони Комиссариати ҳарбии вилоят, қисмҳои низомӣ, кормандони идороти қудратии вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони бархе аз ҷамоатҳои деҳот ва ғайра бо ташаккурномаҳои вазорати мудофиа ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






