Аз даҳони худ рабудан вақти ҳоҷат ҳиммат аст
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳимматбаландии як нафар сокини кишвар, рӯзноманигор, узви Иттифоқи Нависандагон ва Журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ шоёни дастгирист. Бо кӯшиши ӯ чанд сол қабл аз маркази деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ беморхонаи амрози сироятии хавфноки сил кӯчонида шуд. Дар ҷойи он айни ҳол шифохона амал мекунад. Бо ташаббуси ӯ чун директори мактаби рақами 6, вакили маҷлиси маҳаллӣ дар маҳаллаи Дашти дилӣ бо масофаи 2 км роҳи пиёдагард, ду мағоза, як масҷид, як чоҳи оби нӯшокӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 56 бунёд гаштааст. Ин марди наҷиб 3 синфхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи № 56-ро тармим намуда бо компютер муҷаҳҳаз гардонид. Мавриди зикр аст, ки ин ҳама аз ҳисоби маблағҳои барои зиёрати Хонаи Худо ва чопи китобҳои наваш ҷамъкардашуда бунёд гардидаанд. Дар баробари ин устод ният дорад китобхонаи шахсиашро, ки дар он зиёда аз 2000 нусха китоб аст, ба синфхонаи нав кӯчонида дар хизмати толибилмону устодони мактаби мазкур қарор дода, дар беҳдошти вазъи илмомӯзии онҳо ва дигар шароитҳои таълимӣ мусоидат намояд.Устод Ҳасанзода нависандаи хушистеъдод ва журналисти ҷасуру ошкорбаён, ҳақикатнигору хеле сермаҳсул мебошад. «Кабки рав», «Эҳёи Када», Дарёи нур», «Чароғи лола», «Ашки қалам», «Пуштаи зардолуҳо», «Доғи сӯзон» маъмултарин асарҳо ва повесту қиссаҳои ӯ буда, дар онҳо мавзӯъҳои муҳими тарбияи насли наврас, ҳифзи муҳити зист, васфи зебогиҳои диёри азиз, музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ инъикос ёфтаанд. Ӯ муаллифи даҳ филми мустанад, чун «Марди ҷонфидо», «Умри барқ», «Варзикиён», «Дурахши назм», «Фарас», «Бешаи палангон» буда, аксари онҳо дар озмунҳои байналмиллалӣ сазовори ҷойизаҳо гаштаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари мо чунин ташаббускорон, мардоне, ки сарватманд нестанду ба қадри тавон дар пешравии соҳаи илму фарҳанг саҳм мегузоранд ва намунаи олии олиҳимматӣ мебошанд, зиндагӣ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






