Б. Шукуров: “Ҳадафи аслӣ — тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”

Сентябрь 21, 2011 15:03

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Агентии Тоҷикстандарт яке аз мақомоти бонуфўзи назоратӣ дар самти таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар доираи салоҳиятҳои худ фаъолият мекунад. Мусаллам аст, ки пас аз иваз шудани роҳбарияти ҳар идора дар он мақомот навгонӣ ва пешравиҳои назаррас ҷорӣ мегарданд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба дастовардҳои Агентии Тоҷикстандарт пас аз роҳбарияти нави он бо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шукуров мусоҳиба анҷом додем, ки фушурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.  Мўҳтарам Бахтиёр Солиҷонович, тайи ҳашт моҳ аст, ки роҳбарии Агентии Тоҷикстандартро ба ўҳда доред ва дар ин давра кадом муваффақиятҳо ба даст омаданд? Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи вазифаҳои стратегии мамлакат дар самти таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, меъёрҳои метрологӣ, ҳифзи бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ҳашт моҳи соли 2011 корҳои муайянро ба сомон расонид.Ҷиҳати дар ниҳоди соҳибкорон бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва дар ин замина истеҳсол намудани маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии байналмилалӣ бо соҳибкорони ватанӣ, аз ҷумла бо иштироки намояндагони корхонаҳои истеҳсоли арматураи пӯлодин ва хишти керамикӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар мавзӯи «Қонунгузории соҳа ва дастгирии рушди соҳибкорӣ» семинар-машварати омӯзишӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла яхмос дар Агентии Тоҷикстандарт ва Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд семинар машварат оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ гузаронида шуд. Дар баробари ин, қабул намудани як қатор қонунҳо бо мақсади ислоҳоти системаи танзими техникӣ, инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ”, Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” дар мӯҳлати муқарраргардида таҳия шуда, қабул гардид. Оид ба ҳимояи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чӣ корҳоро ба иҷро расонидаед? Дар ҳашт моҳи соли 2011 аз тарафи нозирони назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва сифати маҳсулот 3 283 санҷиш ва назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор гузаронида шуда, дар натиҷа дар 929 санҷиш ва назорати давлатӣ камбудиҳо ошкор шуданд. Дар ин давра 348 номгӯйи маҳсулот ба сабаби ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯй набудан аз фурӯш боздошта шуда, аз сари нав коркард ва ё қисман нобуд карда шуданд.
Дар ин муддат ба Агентӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 596 мактуб, аз ҷумла, аз мақомоти Прокуратура-312, аз Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои он-132, аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-17, аз Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия-25, аз мақомотҳои Судӣ-72, хадамоти гумрук-38 мактуб ворид гардид ва ба ин мақомотҳо санаду хулосаҳои объективӣ пешниҳод карда шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи озмоишгоҳҳо 19,2 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 70,4 тонна равғани растанӣ, 2 тонна маҳсулоти макаронӣ, 41,6 тонна орду гандум, 1962 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 5107 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 21,3 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 100 тонна маҳсулотҳои ғаллагӣ, 26,2 тонна иловаҳои хӯрокӣ, 5,3 тонна маҳсулоти ширӣ, 141,6 тонна консерваҳо, 93,3 тонна меваю сабзавот ва даҳҳо маҳсулоти дигар ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муайяншуда аз нав коркард ва ё нобуд карда шуданд. Дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Мақомоти Прокуратура ва бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма маҳсулоти мўҳлати истеъмолиашон гузашта ва ғайристандартӣ, аз ҷумла миқдори зиёди консерваи моҳӣ, хамираи помидор, нўшокии спиртӣ, меваи банан, ҳасибча, пиёз ва ғайра, ки дар натиҷаи санҷишҳо аз муомилот гирифта шуда буданд, тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади такмил додани тартибу корбурди санҷиши маҳсулот, дар соли ҷорӣ дар Агентӣ ду методи нави стандартонидашудаи санҷиши маҳсулоти хўрокворӣ ва хоҷагии қишлоқ бо истифодаи таҷҳизоти замонавии нишондиҳандаашон дақиқ ҷорӣ карда шуд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки вақту мўҳлати санҷишҳо 2-3 маротиба кўтоҳ карда шаванд ва ҳамзамон барои сари вақт ва таъҷилан барасмиятдарории дархостҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ мусоидат менамоянд. Баҳри нигоҳдории бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти бесифати барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зараровар, ҷорӣ намудани қоидаҳои савдо дар 3914 корхонаву ташкилоти савдо ва бозорҳо санҷиш гузаронида шуда, дар 1390 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо ва дар 816 ҳолат амрияи манъи фурӯши мол (хизматрасонӣ) ба тасвиб расонида шуд. Бо мақсади муайян намудани сифат ва ҳолати фурӯши маҳсулоти нафтӣ давоми ҳашт моҳ 1914 ташхиси маводи сӯхт, ба миқдори 361571,7 тонна гузаронида шуд, ки дар 72 ҳолат ё 3309,6 тонна сузишворӣ, ғайристандартӣ дониста шуд. Таҷлил нишон дод, ки миқдори ташхисҳои сертификатсионӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 (77 адад) зиёд ва ташхисҳои аз нуқтаҳои фурӯши бозори дохилӣ (214 адад) зиёдро ташкил медиҳад. Дар самти назорати риояи талаботи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳнӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Дар ин давра аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ (Ширкати “Рошен”, “Бергер”, “Макфа”, тамокуи “Кент”, шири хушки истеҳсоли давлати Корея ва ғ) доир ба ҳимояи нишони молӣ ва мавҷуд будани молҳои қалбакии он ширкатҳо дар бозори истеъмолии мо арзу шикоят ворид шуд ва нисбат ба ҳамаи ин аризаҳо аз тарафи мутахассисон ҷиҳати аз байн бурдани молҳои тақаллубкоришуда корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Молҳои тақаллубкоришуда аз муомила гирифта шуда, шахсони ба қонуншиканӣ роҳдода ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар робита ба арзу шикояти шаҳрвандон ҷиҳати дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ҷой доштани ҳолатҳои фиреби харидорон ва паст будани сифати сўзишворӣ дар моҳи июли соли 2011 аз тарафи мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт дар нуқтаҳои фурўши сўзишвории ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани сифат ва ҳолати фурўши сўзишворӣ, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон санҷишҳо гузаронида шуданд.Дар рафти санҷишҳо камбудиҳои зиёд на танҳо дар нуқтаҳои фурўши сӯзишвории соҳибкорони инфиродӣ, балки дар ширкатҳои калоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои зиёди фурўши сўзишвории нафтӣ доранд, аз ҷумла «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Кўлобнафтрасон» ва нуқтаҳои фурўши сўзишвории соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шуданд.
Дар баробари ҷой доштани ҳолатҳои ҷавобгўй набудани сифати сўзишворӣ ба талаботи меъёрӣ инчунин, аз тарафи фурўшандагон дар 10 ҳолат фиреби харидорон бо роҳи кам рехтани сўзишворӣ ошкор гардид.Нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта мутобиқи талаботи моддаи 627 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳо ва нуқтаҳои фурўши сўзишвории соҳибкорони инфиродӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.Албатта, санҷишҳо дар ин самт давом доранд ва Агентии Тоҷикстандарт баҳри ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ҳамаи тадбирҳоро ба роҳ мемонад.Дар ин раванд дар Агентӣ воҳўрии роҳбарият бо интиқолдиҳандагон ва фурўшандагони маводи сўзишворӣ баргузор гардид ва масоили ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.Ҳамчунин дар ин давра бо назардошти дар арафаи таҷлили ҷашни 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойтахт ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ ташриф овардани меҳмонони зиёди хориҷӣ, ҷиҳати ба танзим даровардани хизматрасониҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдо бо масъулин ва роҳбарони онҳо вохўрӣ ташкил гардид. Дар ин давра ба фонди ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ 10 стандарти байналмиллалӣ, 18 стандарти байнидавлатӣ ворид гашта, 15 стандарти миллӣ ва 39 шарти техникӣ аз қайди давлатӣ гузаронида шуд. Бо мақсади фаҳмондадиҳии талаботи стандартҳои давлатӣ ҳамчун омили баланд бардоштани сифати маҳсулот, субъектҳои хоҷагидорӣ ба 4806 саҳифа ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин гардиданд. Барои риоя накардани меъёри стандартҳо, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ 1725 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 384388 сомонӣ ҷарима баста шуда, ин маблағҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ ирсол гардиданд.Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» 76 аризаҳои шикоятии шаҳрвандон, ки мазмуни аксарияти онҳо иборат аз паст будани сифати маҳсулот ва фиреби харидорон мебошад, ба тариқи мусбат ҳалли худро ёфтанд. Дар ин замина аз шаҳрвандон ба унвонии Агентӣ 57 мактуби миннатдорӣ ворид гаштааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Тоҷикстандарт кор бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон маҳсуб меёбад. Дар ин робита ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкории ватанӣ чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?Бо мақсади он ки дар кишварамон соҳибкорӣ вусъати тоза пайдо намояд ва соҳибкорони мо бештар ба истеҳсолот рӯй оварда, дар паст кардани сатҳи вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ саҳми муносиб гузошта тавонанд, мунтазам Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва шахсан Сарвари давлатамон ба ин соҳаи муҳим таваҷҷӯҳи хоса доранд ва дар вохўрию суханрониҳои худ мунтазам оиди дастгирии ин соҳа таъкид менамоянд.Дастгирии соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат ва дар ин замина Тоҷикстандарт низ мебошад. Зеро, пеш аз ҳама, мо барои он фаъолият дорем, ки дар бозори истеъмолӣ моли хушсифат ва аксаран истеҳсоли ватанӣ бошад.Дар ин робита Агентии Тоҷикстандарт дар баробари амалӣ намудани тадбирҳои алоҳида, инчунин ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 487 аз 01.10.2008 “Дар бораи тасдиқи нақша чорабиниҳо оид ба содда гардонидани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми содироту воридоти молҳо” аз ҷумла, тайи ин солҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.Масалан, дар ин самт, номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани сертификати мутобиқат аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба Агентии Тоҷикстандарт пешниҳод карда мешаванд тасдиқ карда шуда, дар ин замина як қатор корҳои таблиғотӣ, аз ҷумла омода кардани дастур барои соҳибкор(дар шакли овеза дар Гӯшаи иттилоотӣ барои соҳибкорон) ва ҷой додан дар сомонаи интернет, ба сомон расонида шуданд.Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи номгӯи молҳо (маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия мешаванд, Номгӯи молҳо(маҳсулот)-е, ки ба таври ҳатмӣ сертификатсия мешаванд таҳия гашта, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.Бо назардошти дастгирии рушди соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар тиҷорат тибқи Принсипи «Равзанаи ягона» барои соҳибкорон шароитҳои мувофиқ муҳайё карда шуда, корҳои сертификатсиякунӣ дар муддати кӯтоҳтарин ба сомон расонида мешаванд. Ҳамчунин, талаботи ҳуҷҷатгузориҳо барои гирифтани сертификати мутобиқат ба дараҷаи минималӣ кам карда шуд, ки айни ҳол дар ин раванд, барои соҳибкор пешниҳод кардани дархост, борхат ва нархномаи мол кофист.Тибқи талаботи ҳуҷҷати меъёрии тартиби эътирофи сертификати мамлакатҳои аъзои ИДМ (ПМГ-36-2001), ки барои ҳамаи мамлакатҳои аъзои ИДМ ягона аст, вобаста ба намуди молу мавод, бо назардошти натиҷаи корҳои лабораторӣ мӯҳлати сертификаткунонӣ 1-7 рӯз ва аз ҷумла, барои хӯрока ва маводҳои тез вайроншаванда ду рӯз муайян карда шудааст, риоя карда мешавад. Назорати давлатии риояи стандартҳо, қабули ҳуҷҷатҳо ва гардиши онҳо соддаю осон гардонда шуда, ташхисҳои лабораторӣ сари вақт гузаронида мешаванд. Барои соҳибкорон фазои озоди иқтисодӣ муҳайё ва дар муайянкунии сифат объективият таъмин шуда истодааст. Бо назардошти ин тамоми ташхисгоҳҳои маҳсулоти хӯрока ҳар рӯз то соати 20.00, рӯзҳои шанбе то соати 17.00 ва рӯзҳои иду якшанбе то соати 13.00 тибқи ҷадвали махсус кор мекунанд ва дар ин ҷода ягон монеа мавҷуд нест. Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии он, тарғиботи сифати молу маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат, таъмину ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии мамлакат дар баробари ташкил кардани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла вохӯриҳову семинар — машваратҳо бо соҳибкорон Агентии Тоҷикстандарт гузаронидани озмуни «Маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бори дуюм аст, ки Озмуни мазкур баргузор мегардад.Дар маҷмўъ, баҳри дастгирии рушди соҳибкорӣ дар мамлакат Агентӣ нақшаву чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намуд ва дар фаъолияти минбаъда низ ин самти фаъолият тақвият дода мешавад. Мусалам аст, ки имрўз Агентии Тоҷикстандарт берун аз ҷумҳурӣ низ нуфўзи худро пайдо намудааст ва дар ин замина ҳамкориҳои мақомотро бо ташкилотҳои байнидавлатию байналмилалӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?Боиси қаноатмандист, ки имрӯз таваҷҷӯҳи ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикстандарт пайваста меафзояд ва мо низ бо истифода аз имкониятҳои ҳамкорӣ, ҷиҳати мукаммал намудан ва рушди фаъолияти соҳавӣ ба ҳамкориҳои манфитбахш омодаем. Дар ин давра, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба назорати сифат ва бехатарии маҳсулот, кор, хизматарсонии назди Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки мақомоти дахлдор гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба сифат ва бехатарии маҳсулот ва тақвият додани ҳамкории байни мақомотҳои назоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин раванд, айни замон Тоҷикстандарт метавонад дар бисёр чорабиниҳои хориҷии ғайридавлатӣ оиди стандартизатсия, сертификатсия, аккредитатсия ва метрология иштирок ва масъалагузорӣ кунад. Аз дигар тараф барои пайдо кардани воситаҳои таъсиррасонӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ замина фароҳам оварда мешавад. Чунин таъсиррасониҳо ба соҳаи стандартонӣ ба бюрои байналхалқии воситаҳои ченак ва вазн, ҳамчунин ба Ташкилоти байналхалқии қонунгузории соҳаи метрологӣ, Ташкилоти Байналхалқӣ доир ба аккредитатсияи ташхисӣ, Шўрои байналхалқӣ доир ба стандартизатсия мусоидат хоҳад намуд. Имрўзҳо Тоҷикстандарт бо як қатор давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ робитаҳои соҳавӣ дорад ва пайваста ҳамкорӣ менамояд. Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология, аккредитатсия ва тасдиқи мутобиқат Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмиллалӣ (ISO, Комиссияи Кодекс Алиментариус), минтақавӣ (EASC, RSO,CООМЕТ, IAF ва ғ.) муаррифӣ менамояд.Қайд кардан зарур аст, ки имсол Агентии Тоҷикстандарт аъзои 7 комитетҳои ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартизатсия шуд.Тоҷикстандарт дар қатори дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аъзои комилҳуқуқи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия мебошад. Мутахассисони Агентӣ мунтазам дар ҷаласаҳои комиссияҳои илмӣ-техникӣ ва гурӯҳҳои кории он, инчунин ҷаласаҳои роҳбарони мақомотҳои миллӣ ширкат меварзанд. Дар давраи даст доштан дар салоҳияти раисии ҷониби Тоҷикистон дар шўрои ИДМ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Агентии Тоҷикстандарт ва Бюрои стандартҳои Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартикунонӣ, метрология, сертификаткунонӣ ва аккредитатсияи ИДМ ду ҷаласаи комиссияи илмӣ-техникиро оид ба баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия бо иштироки намояндагони 10 давлати ИДМ дар сатҳи баланд гузарониданд, ки дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим доштанд. Дар ҷаласаи 39-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ, ки санаи 10-13 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Туркманбошӣ (Туркманистон) баргузор гардид, ҳайати кормандони Агентии Тоҷикстандарт ширкат варзиданд. Ҳангоми гуфтушуниди дуҷонибаи роҳбарияти Тоҷикстандарт бо Президенти ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (ISO) масъалаи омӯзиши 10 мутахассиси Тоҷикстандарт дар институтҳои байналмилалӣ бо дастгирии молиявии ISO ҳалли худро ёфта, ҳамчунин нисбати давом додани ҳамкорӣ бо Институти физикӣ-техникии Олмон (РТВ), барои такмили мақомоти метрологии Тоҷикстандарт аз ҷониби Олмон пешниҳод гардид. Дар самти ҳамкориҳо аз 5 то 8 сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Суғд семинари Комиссияи аврупогии иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид (КАИ СММ) дар якҷоягӣ бо Агентии Тоҷикстандарт дар мавзӯи «Истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ» баргузор гардид. Семинари мазкур, ки ба рўзҳои ҷашнгирии 20-солагии Истиқлолияти Давлатии Чумҳурии Тоҷикистон рост омад, барои мусоидат намудани истифодабарии стандартҳои савдоии КАИ СММ барои маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷиҳати иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 624 аз 3 декабри соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012» равона шуда буд.Семинар дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум гузаронида шуда, дар кори он 65 нафар, аз он ҷумла намояндагони котиботи КАИ СММ (Женева, Швейтсария), коршиносон аз Олмон, Шветсия, Фаронса, Туркия, иштирокчиен — кормандони мақомотҳои стандартикунонӣ аз Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Молдова, намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ ва энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Тоҷикстандарт ва сохторҳои маҳаллии он, инчунин соҳибкорони ватанӣ — истеҳсолкунандагнон ва содироткунандагони меваю сабзавоти тару тоза ва хушк ширкат намуданд. Иштирокчиёни семинар ҷиҳати талаботи стандартҳои аврупогии савдоӣ барои маҳсулоти кишоварзӣ, системаҳои давлатии назорати сифати мамлакатҳои хориҷӣ, талаботҳои ҳуҷҷатҳои танзимдиҳандаи Иттиҳоди Аврупо ва ғайра иттилооти лозимӣ пайдо намуданд. Дар пешбурди сиёсати кадрии мақомот чи тадбирҳо андешида шудаанд?Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва донишҳои касбию сиёсии кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар давоми сол семинарҳои омўзишии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хизматчии давлатӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон”, Қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ба роҳ монда шуданд. Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи такмили ихтисоси кормандон мутобиқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 26.11.2008 «Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» барномаи дохилисоҳавии зиддикоррупсионӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ таҳия шуда, сардорони ҳар як Раёсату шўъба мунтазам бо кормандони худ сўҳбату машваратҳо мегузаронанд ва корҳои фаҳмондадиҳию омўзишӣ ба роҳ монда мешавад. Ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ ва марказҳои вилоятӣ якчанд маротиба вохўрии кормандон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва корҳои фаҳмондадиҳию омўзишӣ ба роҳ монда шуд.Ҳайати сифатии кадрҳо аз ҳисоби мутахассисони болаёқат беҳтар шуда, 30 нафар дар хориҷи дуру наздик, 16 нафар дар семинарҳои байналмилалӣ ва 61 нафар дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савияи дониши худро баланд бардоштанд. Айни ҳол 66 нафар мутахассисони соҳа дараҷаи эксперти байналхалқиро дороанд. Тўҳфаи Агентти Тоҷикстандарт ба ҷашни 20-солагии Истиқлолият чӣ буд?Дар раванди корҳои ободонӣ дар арафаи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хорӯғ бинои нави замонавии Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ, ки дорои 25 утоқи корӣ мебошад ва дар ин замина 5 озмоишгоҳи бо таҷҳизотҳои ташхисии муосир ҷиҳозонидашуда, аз ҷумла ташхиси нишондиҳандаҳои физикию кимиёвии маҳсулоти хўрокворӣ ва озмоишгоҳи санҷиши воситаҳои ченак ба истифода дода шуд. Агентии Тоҷикстандарт тибқи супориши Президенти мамлакат дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт як маҷмааи дуошёнаи бошукўҳи варзиширо сохта дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки лентаи рамзии онро Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буриданд. Ҳамкории мақомот бо ВАО дар кадом сатҳ аст ва дар баъзе маврид эродҳои рўзнамонигоронро чӣ тавр қабул менамоед? Воқеан, воситаҳои ахбори омма инъикосгари ҳаёти ҳамарӯзаанд, ки таъсирашон ба пешрафту шукуфоии халқҳои олам ва аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистони азиз низ нишонрас аст.Дар ин самт саҳми қаламкашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ислоҳи камбудиҳо ва умуман шарафёбшавӣ ба истиқлоли пурраи устувору пайвастан ба ҷомеаи пешрафтаи олам назаррас мебошад.Ин албатта, хело хуб аст. Зеро ҳамкорию алоқаҳои доимӣ ба мо имконият медиҳанд, ки бо ҳамдигар аз наздик шинос шавему аз ҷиҳати дигар нозукиҳои соҳаро аз худ кунем. Бар замми он ки, мо тавассути Маркази матбуот оиди соҳа корҳои тарғиботию оммафаҳмонии доимӣ мебарем, аз қабили чопи маҷаллаю дастурҳо, муҷаҳҳаз гардонидани нуқтаҳои савдо бо овезаҳо ва ғайра, бо қисми муайяни воситаҳои ахбори омма, махсусан, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Садои мардум», «Дайджест пресс», «Тоҷикистон», «Фурӯғ», АМИТ «Ховар» ва ҳамаи шабакаҳои телевизионию радиоии ҷумҳурӣ равобити доимӣ дорем. Ҳадаф аз чунин ҳамкориҳо, ба андешаи ман аз як мақсад иборат аст: тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон. Вазифаи асосии Тоҷикстандарт низ ҳамчун назоратчии давлатӣ аз болои сифати маҳсулот низ аз ҳамин иборат аст. Ва ман фикр мекунам, ки фаъолияти аҳли эҷод низ бояд ба соҳаи мо, ки дар маҷмӯъ аз хизмат расонидан ба халқу Ватан иборат аст, алоқамандии қавӣ дошта бошад.Дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд ва бо истифода аз фурсат ба ҳамаи расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ, аз ҷумла АМИТ “Ховар”, ки мунтазам дар пахши иттилооти Агентии Тоҷикстандарт саҳм мегузоранд, изҳори сипос менамоем.

Сентябрь 21, 2011 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЙВАСТИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос шуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Нақшаи қисми даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар сатҳи 110 фоиз таъмин шуда, 10,1 миллиард сомонӣ ворид гардид
На фақат сайр: интернети мобилӣ барои чӣ зарур аст?
Бар асари суқути ҳавопаймо дар Бразилия 61 нафар ба ҳалокат расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«Россотрудничество» ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Шаҳринав 300 номгӯй китоб тақдим намуд
Дастаи мунтахаби бадминтони Бадахшон соҳиби Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон шуд
Вазорати молияи Тоҷикистон бо шарикони рушд 18 созишнома ба имзо расонид
«ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон вохӯриҳо доир шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон толори варзишӣ ифтитоҳ гардид