Ба Қонуни реклама илова ворид мегардад
Душанбе, 12 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 12 сентябри соли 2011 таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар Шӯро лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Дар бораи реклама», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Амирқул Азимов, Хайринисо Юсуфӣ ва Амир Катаев роҷеъ ба масъалаҳои ба кори Шӯро воридгардида фикру андешаҳои худро иброз намуда, таъкид карданд, ки ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба Шӯро беҳтар намудани вазъи соҳаҳои гуногуни кишвар аст.12.46.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






