Баимзорасии санадҳои муҳим миёни ҶТ ва ҶИЭ
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тавре иттилоъ дода будем, дар нимаи дуюми рӯзи 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Пас аз маросими истиқбол ва мулоқоти як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод маросими имзо гардидани санадҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.Нахуст баёнияи муштараки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид.Санади мазкурро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба имзо расониданд.Ҳамчунин, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ва вазири нерӯи ҶИЭ Маҷиди Номҷӯ ба имзо расид.Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ миёни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати ҶИЭ доир ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар ҶТ аз ҷониби Вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов ва Вазири нерӯи ҶИЭ Маҷиди Номҷӯ имзо шуд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод баъди маросими санадҳои мазкур барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






