Баррасии лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 21 сентябри соли 2011 дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ ва муовини маъмури Барномаи рушди СММ Ребекка Гринспан мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот раванди татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳо бо ниҳоди мазкур ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ аз хонум Гринспан ҷиҳати боздид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти дафтари Барномаи рушди СММ дар кишвар ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда бо ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ даъват ба амал овард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






