Баррасии масоили андозбандии намояндагиҳои дипломатӣ
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои андозбандии намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, машварати корӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ, ки ба мавзӯи «Масъалаҳои андозбандии намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаршуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин тартиби аз андози арзиши иловашуда озод кардани молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, ки дар доираи маблағҳои грантӣ амалӣ карда мешаванд» бахшида шуда буд, кормандони масъули намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда иштирок намуданд. Зимни ҷамъомад кормандони масъули Кумитаи андоз оид ба тартиби дурусти татбиқ намудани имтиёзоти андозӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, тартиби андозбандии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки молу мулки ғайриманқули худро ба намояндагиҳои дипломатӣ иҷора медиҳанд, тартиби баҳисобгирии бақайдгирии намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар мавзӯъҳои ба ин алоқаманд маърӯза намуданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин риояи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо мебошад, ки дар доираи маблағҳои грантӣ амалӣ карда мешаванд. Оид ба масъалаи мазкур мутобиқи моддаи 238 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.06.2005 таҳти №205 «Дар бораи тасдиқи тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёз, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд», инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Вазорати молия «Дар бораи тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда» муайян карда шудааст. Дар асоси моддаи 238 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ба шарте амалӣ мегардад, ки агар чунин баргардониданро шартномаҳои байналмилалии дутарафа пешбинӣ намоянд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирокчии онҳо бошад. Иштирокдорон низ дар навбати худ ба мутахассисини соҳа оид ба дигар паҳлӯҳои андозбандӣ ва истифодаи дурусти имтиёзоти андозӣ муроҷиат намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Ташкил ва гузаронидани чунин машваратхо ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои тавзеҳотиву фаҳмонидадиҳӣ ба андозсупорандагон, аз ҷумла намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, бисёр муфид ва судманд мебошад. Таҷрибаи мақомоти андози ҷумҳурӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳиву машваратӣ барои баланд бардоштани савияи дониши андозсупории андозсупорандагон заминаи воқеӣ фароҳам оварда, барои кам гардидани шумораи қонуншиканиҳои соҳаи андоз мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






