Баррасии масоили ташаккули фазои муколама
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 6 сентябр Бунёди байналмилалии фарҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ЮНЕСКО ва бо мадади САҲА дар мавзӯи «Ташаккули фазои муколама дар ҷаҳони муосир. Тафаккури нав» мизи мудаввар доир намуд.Ин чорабинӣ, ки ба 20 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бахшида шуда буд, барои рушди муколамаи байнифарҳангӣ аҳамияти зиёде дорад.Мувофиқи суханони созмондиҳандагони мизи мудаввар мақсад аз он муайян намудани барномаи ташаккули фазои муколама дар кишвар ва ҷаҳон аст. Дар муҳокимаи ин мавзӯи муҳим мушовири бахши сиёсати САҲА Франк Йоҳенсон, муншии Кумитаи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Аслиддин Раҳматов, директор ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ва Сайфулло Сафаров сухан карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






