Баррасии МОИ Тоҷикистон
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 13 то 15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд форуми байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – иқтидори рушд» баргузор мегардад. Форуми мазкур бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо маъмурияти Минтақаҳои Озоди Иқтисодии «Суғд» бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Бонки миллии Тоҷикистон ва дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир мегардад. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи форум муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати шиносоӣ ва дастгирии робитаҳо миёни намояндагони мақомоти давлатӣ, маъмуриятҳои минтақаҳои озод, роҳбарони ширкатҳои маҳаллӣ ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар рафти чорабинӣ гузаронидани конфронси илмию амалӣ ва инчунин мизҳои мудаввар дар назар аст. Дар форум намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои тиҷоратӣ, ширкатҳо ва фондҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат меварзанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






