Баррасии муаммоҳои ҷавонон
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент бо иштироки 700 нафар ҷавонон вохӯриҳо доир ба дастовардҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонону варзишгарон ва дастовардҳои 20-соли истиқлолият дар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир гардид.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар чорабинӣ ҷиҳати дархосту муроҷиатҳои ҷавонону омӯзгорон доир ба масъалаҳои мусоидат дар ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, таъмини лавозимоти варзишӣ, нашри маҷмӯаи шеърҳои ҷавонон, мушкилоти дастрасии раводидҳо барои сайёҳон тадбирҳо андешида шуданд.Ҳамчунин, масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва роҳҳои пешгирии муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳарсолаи роҳхат ба ҷавонон дар лагерҳои маърифативу истироҳатӣ ва солимгардонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






