Беҳтарин шаҳри Суғд муайян гардид

Сентябрь 9, 2011 13:16

Душанбе, 9 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Озмуни «Шаҳр (ноҳия)-и  беҳтарин» дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шаҳри Қайроққум ғолиби ин озмун гардида, шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутаносибан сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм дониста шуданд.Тибқи қарори махсуси раиси вилояти Суғд ба Сарраёсати молияи вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳисоби 60 ҳазор  сомонӣ маблағҳои бақияи озоди мавҷудбудаи буҷети вилоятӣ ба   ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум 30 ҳазор сомонӣ, шаҳри Истаравшан 20 ҳазор сомонӣ ва ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 ҳазор сомонӣ ирсол намояд.

Сентябрь 9, 2011 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад