«Бонувони Фархор»
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Шарқи озод» чаҳорумин китоби узви Иттифоқи нависандагони кишвар Гулчеҳра Муҳаммадиеваро таҳти унвони «Бонувони Фархор» пешкаши хонандагон гардонид.Маҷмӯаи тозаэҷоди Гулчеҳра Муҳаммадиева «Бонувони Фархор» китобест перомуни кору рӯзгори бонувони сазовори ин ноҳия, ки тавонистаанд рисолати инсонии хешро дар сатҳи шоиста анҷом диҳанд. Муаллиф ба фаъолияти бонувоне, ки ба ҳайси вакили мардумӣ дар замони шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолии кишвар ин рисолати муҳимро бар дӯш доштанду доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, симои онҳоро дар риштаи сиёсат бознамоӣ кардааст.Матолиби ин китоб, бахусус барои духтароне, ки мехоҳанд дар умури сиёсӣ фаъолият дошта бошанд, мароқангез аст.Теъдоди нашри китоб 1000 нусха буда, муаллиф асарашро ба ҷашни пуршукӯҳи миллати тоҷик- 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ бахшидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






