Боз рекорди нави ҷаҳонӣ
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 9 сентябр, дар рӯзи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди гузашти низомӣ беш аз се ҳазор нафар сокинони Душанбе парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дарозиаш 2011 ва паҳнояш 7 метр аст, тавассути хиёбони Рӯдакӣ аз майдони Дӯстӣ мегузаронанд.Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «шаҳрдории Душанбе дар ин масъала ба раҳбарияти Китоби рекордҳои Гиннес дархост ироа намудааст, то парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо бузургиаш дар ҷаҳон ҳамто надорад, дар китоби рекордҳои Гиннес сабт созанд». Бояд тазаккур дод, ки 30 августи соли 2011 дар шафати Қасри миллат парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана ва бошукӯҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумати мамлакат, парлумон, вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар маросими барафрохтани парчами миллӣ намояндаи китоби рекордҳои Гиннес ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи китоби рекорди нави Гиннесро супорид.Мавриди зикр аст, ки баландии сутуни парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 165 метр, дарозиаш 60 ва паҳнояш 30 метр буда, 300 килограмм вазн дорад. Он аз ҷониби ширкати «ТАЛКО» сохта шуда, ҳамзамон Trident Support- ширкати амрикоӣ дар татбиқи лоиҳа иштирок намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






