Бунгоҳи тиббӣ дар Зарринкӯҳ
Кӯлоб, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони маҳаллаи навбунёди Зарринкӯҳи шаҳри Кӯлоб соҳиби маркази наву замонавии тиббӣ гардиданд. Маркази мазкур дорои 8 ҳуҷра буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. Айни замон дар бунгоҳ утоқҳои момодоягӣ, кӯдакона, эмгузаронӣ, доругузаронӣ барои хизмат ба аҳолӣ омода ҳастанд.Бинои мазкур бо маблағи 410 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, корҳои сохтмониро дар ин иншоот Корхонаи воҳиди давлатии идораи таъмирию васлкунии шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






