Бунёди нерӯгоҳи барқӣ аз ҷониби олмониҳо

Сентябрь 22, 2011 17:49

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Мутахассисони олмонӣ дар шимоли кишвар нерӯгоҳи барқӣ бунёд карданианд.Онҳо дар тарҳрезии лоиҳаи аз нигоҳи техникиву иқтисодӣ асоснокшудаи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи барқӣ дар шимоли мамлакат иштирок намуданд. Иқтидори ин нерӯгоҳи барқӣ 150   мегаватт аст.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.Тибқи суханони манбаъ барои таҷдиди лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқии «Фондарё» наздики 150 миллион доллари ИМА лозим аст. Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Бонки Аврупо ва Осиё аллакай омодагии худро барои овардани  маводи зарурӣ иброз намуданд.Айни замон энергетикҳои тоҷик перомуни лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи барқии аз нигоҳи техникиву иқтисодӣ асоснок кор бурда истодаанд. Таҷдиди лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки як қисми минтақаи шимоли кишвар бо нерӯи барқи босифат таъмин гардад.

Сентябрь 22, 2011 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд