Чӣ қадар трансформаторҳо таъмиру барқарор карда шуд?
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Корҳои сохтмону васлкунӣ дар иншооти хати интиқоли барқи 110 кВт “Конибодом – Ашт” бо масофаи 41 км, хати интиқоли барқи 220 кВт “Суғд – Хуҷанд” бо дарозии 16 км ва зеристгоҳи “Навбаҳор” 110/10 кВт бо трансформатори иқтидораш 16 ҳазор кВт ампер дар шаҳри Душанбе идома дорад.Сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии “Суғд – 500” бо васли трансформатори 501 мегаВолт/ ампер анҷом ёфта, хати интиқоли барқии 220 кВт “Хуҷанд-Айнӣ” ва зеристгоҳи барқии “Айнӣ – 220” зери шиддат қарор дошта ва дар мӯҳлатҳои наздик ба истифода дода мешавад. Иншооти номбурда имконият медиҳанд, ки бехатарӣ ва эътимоднокии энергетикии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пурра таъмин гардад. Ба ғайр аз ин, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ хатҳои интиқоли барқи 500 кВт ба масофаи 20 км, 220 кВт ба масофаи 15 км, 110 кВт ба масофаи 100 км, 0,4-35 кВт ба масофаи 3,2 ҳазор км, хати кабелии 0,4 – 10 кВт ба масофаи 53 км сохта ва 545 адад трансформаторҳо таъмиру барқарор карда шудаанд. Тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ дар ҶСК «Трансформатор» — и шаҳри Қурғонтеппа 63 адад трансформаторҳои иқтидорашон гуногун истеҳсол карда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 1,5 маротиба зиёд аст. Имрӯз дар амбори корхона илова ба трансформаторҳои таъмиршуда 113 адад, аз ҷумла 28 адад трансформатори баландшиддат мавҷуд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






