Чор самти афзалиятноки кишоварзӣ

Сентябрь 5, 2011 11:18

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Мӯъминобод, хоҷагидорони ноҳия дар асоси барномаҳои давлатӣ рушди минбаъдаи кишоварзиро дар чор самт: боғу токпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва паррандапарварӣ муайян намудаанд.Дар соҳаи боғу токпарварӣ перомуни иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани меваю ангур барои солҳои 2007 — 2010» корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Бо мақсади иҷрои барномаи кишоварзӣ то имрӯз дар ноҳия 293 гектар боғ ва 12 гектар токзори нав бунёд карда шудааст. Майдони боғу токзори ноҳия аз 2250 гектари дар соли 2002 буда ба 3010 гектар расонида шудааст.Дар соҳаи картошкапарварӣ хоҷагидорони ноҳия таҷрибаи хуб доранд. Майдони картошка дар байни 10 соли охир се баробар зиёд шудааст. Ба иттилои манбаъ, масоҳати замини картошкаи хоҷагиҳои ноҳия ба 900 гектар расонида шудааст.Яке аз соҳаҳои даромадноки дигар, ки метавонад иқтисодиёти мардумро даҳчанд боло барад ин рушди занбӯриасалпарварӣ мебошад. Ноҳия барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ шароити мусоид дорад. Паррандапарварӣ низ соҳаҳои сердаромад маҳсуб меёбад.Фабрикаи паррандапарварии ноҳия аз нав эҳё шуда, ба истеҳсоли гӯшти парҳезӣ ва тухм оғоз кард. Айни замон дар корхонаи паррандапарварӣ 13 ҳазору 600 сар мурғ барои забҳ омода шудааст. Ҳар рӯз аз 800 то 1000 сар мурғ забҳ ва ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда мешавад. Корхона дар як моҳ ба харидорон 20 тонна гӯшти баландсифати парҳезии парранда пешниҳод менамояд.

Сентябрь 5, 2011 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд