Дар Кӯлоб зеристгоҳи нав ба истифода дода шуд
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 14 сентябри соли ҷорӣ маросими ба кор даровардани зеристгоҳи нав дар шаҳраки оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Зимни кушодашавии он раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров, раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ва намояндагони ташкилоти пудратии «Тоҷикгидромонтаж» иштирок намуданд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод.Иқтидори ин зеристгоҳи трансформаторӣ 110/35/6 киловат-Волт буда, метавонад кори зеристгоҳҳои фаъолиятдоштаи шаҳри Кӯлобро сабук намояд. Зеристгоҳи нав имконият дорад аҳолии шаҳри Кӯлоб ва атрофи онро бо нерӯи барқи босифат таъмин намояд. Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров пешниҳод намуд, ки зеристгоҳи нав бо номи «Исмоилов»- мутахассиси пешбар ва собиқ директори шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб Иброҳим Исмоилов гузошта шавад. Мавриди зикр аст, ки аз ҳисоби маблағҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» дар шаҳри Кӯлоб 7 хона, 13 зеристгоҳ ва хатҳои маҳалии интиқоли барқ дар масоҳати 15 километр мавриди истифода қарор гирифт. Дар бунёди иншооти мазкур ШСХК «Барқи Тоҷик» низдик ба 15 миллион сомонӣ масраф намудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






