Дар Кобул собиқ Президенти Афғонистон кушта шуд

Сентябрь 21, 2011 11:06

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Тавре ИТАР — ТАСС хабар медиҳад, 20 сентябр бар асари таркиши бомбае, ки онро террористи толиб дар саллааш пинҳон карда буд, собиқ Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ кушта шуд.Бурҳониддин Раббонӣ Раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон буд, ки мақсадаш гузаронидани гуфтушунид бо ҳаракати «Толибон» дар бораи ҳалли сулҳомези ихтилофоти мусаллаҳона дар Афғонистон аст. Террористи фидоӣ бомбаро дар лаҳзае тарконид, ки Раббонӣ дар хонааш бо ду нафар намояндагони толибон гуфтушунид мекард. Мувофиқи маълумоти Би – би – си, яке аз ин ду нафар террористи фидоӣ будааст.Дар натиҷаи таркиш мушовири президенти Афғонистон Ҳомид Карзай Маъсум Станекзай, ки дар гуфтушуниди сулҳомез иштирок дошт, сахт маҷрӯҳ гардид. Дар гуфтушунид ҳамчунин мушовири Раббонӣ дар бахши амният низ иштирок дошт. Дар бораи сарнавишти ӯ, ҳамчунин дар мавриди эҳтимолан зинда мондани толиби дуюми дар гуфтушунид ҳузурдошта хабар дода намешавад.Намояндагони хадамоти махсуси Афғонистон изҳор доштанд, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ, ҳар ду вакили толибон, ки барои гуфтушунид бо Раббонӣ ба Кобул омада буданд, террористони фидоӣ будаанд.«Вазъияти куштори Раббонӣ сӯиқасд ба ҷони ҳамсафи ӯ дар бахши роҳбарӣ ба Эътилофи шимолии зидди толибон Аҳмадшоҳ Масъудро ба хотир меорад. Моҳи сентябри соли 2001, ду рӯз қабл аз амалиёти террористӣ дар Ню – Йорк ва Вашингтон, дар шимоли Афғонистон ба ҷони Масъуд сӯиқасд шуда буд. Террористоне, ки бо вонамуди хабарнигорони телевизион ба назди Масъуд омада буданд, бомбаи дар дохили дастгоҳи наворгиранда пинҳон кардашударо тарокониданд», — қайд менамояд ИТАР — ТАСС.

Сентябрь 21, 2011 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад