Дар Пекин намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар нигористони Осорхонаи Пекини Қасри императорӣ намоишгоҳи рассомони тоҷик бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар расми кушодашавии намоишгоҳ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Рашид Олимов зикр сохт, ки номи намоишгоҳ «Сеҳри кӯҳҳо ва гулҳо» оид ба яке аз гӯшаҳои биҳиштӣ дар рӯи замин бо номи Тоҷикистон тасаввуроти бештар мукаммал медиҳад. Сафир таъкид кард: «Тоҷикистон – сарзамини қадимест, ки тахайюлу тасаввуроти рассомро ба ваҷд меорад. Кӯҳҳои бузург, ки бар онҳо осмони кабуд такя мекунад; сабзазори алпӣ бо алафҳои зумуррадин ва гулҳои бошукӯҳ; кӯлҳои софи баландкӯҳҳо, ки дар онҳо ситораҳои қудсӣ, моҳи зарди дурахшон ва офтоби оҳангудоз инъикос меёбанд; боғҳои дастӣ, ки бо рангҳои баҳор пуртуғёнанд; водиҳои беканори зумуррадин бо обхезии лолаҳои суп-сурх, — ҳамаи ин чун миқнотис (магнит) мусаввиру наққошони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Корвонҳои сарсафеди қуллаҳои аршӣ, қолинҳои мӯҳташами гулҳои муаттар, — зебогии олии табиати тоҷик устодони лифҳоро ба ғайрат меорад». Р. Олимов маҷмӯи расмҳои наққошони тоҷикро муаррифӣ намуда, қайд кард, ки қисми зиёди намоишгоҳро расмҳои устоди нақшу нигор, се маротиба ҷоизадори Мукофоти давлатии Тоҷикистон, рассоми халқии Тоҷикистон ва ИҶШС Сӯҳроб Қурбонов ташкил медиҳад. Сафир тамоми ҳозирин ва меҳмонони сершуморро ба саёҳати ғоибона ба Тоҷикистон – кишвари кӯҳҳову гулҳои сеҳрнок даъват намуд. Муовини аввали мудири кулли Бюрои муносибатҳои байналмилалии фарҳангии Вазорати фарҳанги Хитой Xie Jinying дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ баромад карда, тазаккур дод, ки «Хитой ва Тоҷикистон – кишварҳои дӯсти қарин ҳастанд, ки бо талошҳои муштарак комёбиҳои бузургро ба даст овардаанд, аз ҷумла, дар соҳаи ҳамкории фарҳангӣ. Тоҷикон, яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ, дар дарёи тӯлонии таърихи инсоният ба ҷаҳон намунаҳои беҳтарини фарҳангро тӯҳфа кардаанд. Намоишгоҳи рассомони тоҷик имконият медиҳад, то бо эҷодиёти устодони рассомони тоҷик шинос шавед, Тоҷикистони муосирро беҳтар бинед ва амиқтар дарк намоед. Ин рӯйдоди хеле муҳим дар табодули фарҳангии миёни ҳарду кишвар дар рӯзҳои ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Бешубҳа, намоишгоҳ ба тавсеаи минбаъдаи ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни халқҳои Хитой ва Тоҷикистон саҳми худро мегузорад». Дабири кулли СҲШ Муратбек Иманалиев созмондиҳандагон ва иштирокчиёни намоишгоҳро бо ифтитоҳи он муборакбод гуфта, саҳми бузурги Тоҷикистон ва Хитойро дар тақвияти ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар фазои СҲШ қайд кард. «Намоишгоҳ – намунаи возеҳи он аст, ки чӣ қадар муколамаи фарҳангҳо дар чаҳорчӯби СҲШ амиқу устувор аст», — зикр сохт ӯ. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Хитой, котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои дӯст, ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






