Дар расми гузашти идона ҳавопаймоҳо иштирок мекунанд

Сентябрь 7, 2011 13:37

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – «Дар расми гузашти низомӣ дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 20 – умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Фаронса, Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон иштирок мекунанд», — хабар дод ба АМИТ «Ховар» Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев.Расми гузашти низомӣ 9 сентябр дар майдони асосии «Дӯстӣ» — и пойтахт баргузор мешавад. Мувофиқи суханони Ф.Маҳмадалиев, дар расми гузашти низомӣ ҷамъ беш аз 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар иштирок менамоянд, ки 80 фоизи онҳоро низомиёни Вазорати мудофиаи мамлакат ташкил медиҳанд.Дар расми гузашти низомӣ сарбозони Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, қӯшунҳои дохилии ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи мулкӣ, полки 6093 Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва хизматчиёни ҳарбии пойгаҳи низомии 201 – уми Русия воқеъ дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. — Имсол дар ин маросим ҳавопаймоҳо низ ширкат менамоянд, — зикр намуд, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа.

Сентябрь 7, 2011 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад