Дар Украина Шӯрои ҷамъияти тоҷикон таъсис гардид

Сентябрь 14, 2011 14:30

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 8 сентябри соли 2011 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Киев ҷаласаи тадорукотии Шӯрои ҷамъияти тоҷикон, ки дар он роҳбарият ва намояндагони ҷамъиятҳои маҳаллӣ аз 13 вилояту минтақаи Украина ширкат доштанд, баргузор шуд.
Ҷаласаро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов ифтитоҳ намуд. Тавре дипломат таъкид сохт, роҳбарони ҷамъиятҳо бояд ба масъалаҳои ҳаёт ва фаъолияти ҳамватаноне, ки дур аз Ватан қарор доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. «Ҳамватанони мо – аъзои ҷамъиятҳо ҳамарӯза ба дастгириву кӯмак оид ба масоили мухталиф, ҳалли проблемаҳои ҷойдошта ниёз доранд», — зикр сохт Сафир.
Бинобар ин, бо мақсади ташкили кори доимиву мунтазам бо ҳамватанон дар асоси ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидкунии кӯшишу талошҳои ҷамъиятҳои вилоятиву минтақавӣ Сафир Ш. Султонов таъсис додани Шӯрои ҷамъияти тоҷиконро дар Украина пешниҳод намуд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ Шӯрои диаспораи тоҷик дар Украина дар ҳайати 11 нафар интихоб гардид. Ба ҳайси Раиси Шӯро Нурмаҳмад Собиров, ки давоми якчанд сол ҷамъияти тоҷикони шаҳри Киевро роҳбарӣ мекард, интихоб шуд. Тибқи пешниҳоди иштирокдорони ҷаласа роҳбари Ҷамъияти тоҷикони «Пайванд»-и вилояти Харков Нурулло Сайдалиев, аъзои Ҷамъияти тоҷикони Севастопол Ҷӯрақул Набиев ва аъзои диаспораи Киев Мухтор Ҳасанов ба сифати муовинони Раиси Шӯрои диаспора интихоб гардиданд

Сентябрь 14, 2011 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад