Дастоварди фарҳангӣ
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Олими ҷавон, корманди пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи Улум, Бобомулло Бобомуллоев дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия барандаи ҷоизаи «Дебют Содружества» гардида ва бо 100 ҳазор рубл мукофотонида шуд. Бобомуллоев дар қатори олимони ҷавони даҳ давлати ИДМ ширкат намуда ва соҳиби ин ҷоиза гардид. Лозим ба тазаккур аст, ки дар ҳайати ҳакамони озмуни мазкур корманди шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев низ ширкат дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






