Дастоварду мушкилоти ИДМ баррасӣ мегардад
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ –дастовардҳо, проблемаҳо ва дурнамо» — чунин аст мавзуи конфронси байналмилалии илмӣ, ки аввали моҳи октябри соли 2011 дар Қасри Таврияи шаҳри Санкт –Петербурги Русия баргузор мегардад.Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ, Шӯрои федератсияи Маҷлиси федеролии федератсияи Русия ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург созмондиҳандагони конфронси байналмилалии илмӣ маҳсуб мешаванд.Ба конфронс, ки дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мегардад, аъзои Шӯрои федератсияи Маҷлиси федеролии Русия, олимону донишмандон ва коршиносон даъват шудаанд. Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронс маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳо дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, иқтисоди ИДМ ва мушкилоту дастовардҳои он, самтҳои сиёсии мавҷудияти ИДМ, асосҳои ҳуқуқии ҳамгироӣ ва бо ҳам наздик намудани қонунгузории ИДМ, таҷриба ва проблемаҳои ҳамгироии иқтисодии ИДМ, равандҳои сиёсию байналмилалии рушди ИДМ, инчунин, вазъ ва дастовардҳои ҳамгироиро дар доираи ҳамкориҳои ИДМ дар бахши илм ва маориф баррасӣ менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






