Донишҷӯёни тоҷик ба Аврупо мераванд

Сентябрь 20, 2011 17:00

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иттиҳоди Аврупо санҷиши даври охирини барномаи Эразмус Мундусро ба анҷом расонид. Ин барнома ба донишҷӯён ва олимони тамоми дунё стипендия барои омӯзиш дар донишгоҳҳои Аврупоро пешниҳод менамояд.  87 донишҷӯ ва олимони ҷавони тоҷик аз санҷиш бомуваффақият гузаштанд. Соли гузашта ҳамин миқдор донишҷӯён ва олимон соҳиби стипендия шуда буданд. Донишҷӯён, таҳқиқотчиён ва олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанди назди Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, филиали Донишгоҳи технологӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фарогири ин барнома мебошанд. Ёдовар мешавем, ки Эразмус Мундус – яке аз барномаҳои асосии ҳамкории минтақа ба ҳисоб меравад, ки таҳти роҳбарии Ташаббуси омӯзишии Аврупо барои Осиёи Марказӣ амалӣ мегардад. Ин барномаи ҳамкорӣ ва мубодила дар соҳаи маълумоти олӣ, бо мақсади баланд бардоштани сифати маълумоти олии аврупоӣ ва кӯмак ба муколама ва ҳамфаҳмии байни халқҳо ва фарҳанг тавассути ҳамкорӣ бо давлатҳои сеюм ба ҳисоб меравад. Барномаи зерин барои тараққиёти захираҳои инсонӣ дар кишварҳои шарики ИА мусоидат карда, бо фаъол гардонидани барномаҳои мубодилавӣ байни ин донишкадаҳо ва Иттиҳоди Аврупо иқтидори байналхалқии ҳамкориро миёни донишкадаҳои давлатҳои сеюм баланд мебардорад. Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 млн. евро кӯмак намудааст.

Сентябрь 20, 2011 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад