«Дунёро зебоӣ зиннат медиҳад»

Сентябрь 15, 2011 15:59

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чунин ном дорад китоби ба тозагӣ нашр намудаи сардори маркази матбуоти Агентии Тоҷикстандарт Мирзовалӣ Абдуллозода. Мураттиб дар ин маҷмӯа маводи ҷолиби олимону мутахассисони соҳаро дар бист соли замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷамъ овардааст.Дар маҷмӯаи «Дунёро зебоӣ зиннат медиҳад» перомуни заминаҳои давлату давлатсозии тоҷикон, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат сухан рафта, ҳамзамон перомуни дастовардҳои соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия, ваколатдиҳӣ ва савдо дар 20 соли замони истиқлол изҳори ақида мешавад.Мазмун ва мундариҷаи асар аз арзу сипоси муаллифон ҷиҳати ғамхориҳои дилсӯзонаи Сарвари давлат ва худшиносии мардум дар ин замина иборат буда, ҷомеаи шаҳрвандиро барои тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолии мамлакат, ҳамзистии осоишта ва пос доштани арзишҳои миллӣ даъват менамояд.

Сентябрь 15, 2011 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш