Душанбегиҳо соҳиби Боғи беҳамто мегарданд
Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Боғи умумишаҳрӣ, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, шоми имрӯз дар маросими ботантана ба истифода дода мешавад. Боғ дар масоҳати 15 гектар дар қисмати шимолу ғарби Душанбе -маҳаллаи Буни Ҳисорак, ки яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва зебоманзари пойтахт ба шумор меравад, доман густурдааст. Аз ду самти Боғ дарёҳои Варзоб ва Лучоб, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегиранд, равонанд.Барои бунёди Боғ 78 миллион сомонӣ масраф гардида, фармоишгараш Раёсати сохтмони асосии шаҳр мебошад. Боғ дорои бинои маъмурӣ, амфитеатр барои 1080 ҷойи нишаст, қалъаи афсонавӣ, қаҳвахона дар ҷазира, чойхонаи «Буниҳисорак» ва дигар иншооти варзишию дилхушӣ буда, ба сокинон ва меҳмонони Душанбе дар остонаи ҷашни миллӣ -Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадяи бузургест.Инчунин, майдончаи бозиҳои чархакронӣ «Скейдборд» бо ду нақтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнагишикан, ҳавзҳои Аквапарк, ҳавзи ландшафтӣ бо фаввораи мусиқию-тасвирӣ ва 5 фаввораи дигар ба намои боғ шукӯҳи хосса ва азамат зам намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






