Эҳёи канали «Дашти бед»
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди деҳот» Усмон Сабзов, зерлоиҳаҳои «Азнавбарқароркунии канали обтаъминкунии байнихоҷагии «Дашти бед», дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат, «Барқарор намудани кӯпруки мошингарди деҳаи Чормағзакони ӯзбек дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, «Барқарор намудани системаи бо оби тоза таъмин намудани деҳаи Тахти алиф» дар ҷамоати деҳоти Ҷавонии ноҳияи Файзобод аз ҷонби маркази Бонки Осиёгии Рушд дастгирӣ ёфта ва татбиқи ин лоиҳаҳо идома дорад.Ба гуфти У.Сабзов, комиссияи давлатӣ зерлоиҳаи «Азнавбарқароркунии канали обтаъминкунии байнихоҷагии Дашти бедро қабул карда ва барои истифодабарӣ тавсия дод. Канали мазкур обро аз дарёи Кофарниҳон тавассути ҷамоати деҳоти А. Абдуллоев ба ноҳияи Файзобод интиқол дода, беш аз 10 ҳазор гектар заминро шодоб мегардонад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






