Фаъолияти иқтисоди хориҷии ҶТ дар 8 моҳ
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар моҳҳои январ – августи соли 2011 муомилоти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо қувваи барқ ва гази табиӣ ба 2 млрд. 901,1млн. доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 26 фоиз ё ба андозаи 599,2 млн. доллар зиёд аст. Бино ба иттилои манбаъ, ҶТ бо 91 мамолики дунё, аз ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва бо 81 давлати хориҷии дур муносибатҳои тиҷоратӣ дорад. Дар муомилоти савдои хориҷӣ 44,6 фоиз ё 1 млрд. 292,6 млн долларро ҳиссаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 55,4 фоиз ё 1 млрд. 292,6 млн. долларро ҳиссаи мамлакатҳои хориҷии дур ташкил медиҳад.Касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ дар давоми моҳҳои январ – августи соли ҷорӣ баробари 1 млрд. 63, 5 млн. доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 141 ,9 млн. долларро ташкил додаст,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ – августи соли 2011 нисбат ба моҳҳои январ – августи соли 2010 бо мамлакатҳои ИДМ 992,3 млн. доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 306,9 млн. доллар афзудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






